БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ НЕКИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТРО ДАР СУЛҲУ САЛОҲ МЕБИНЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии љангали вилоят” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он  Асадуллозода Ватаншо оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, омодагиҳои ҳамаҷониба  истиқболи  30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, дар замири онҳо бедор намудани ҳуввияти миллӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!", татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва ғайраҳо  ибрози ақида  намуд.

Сипас, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии мазкур фикру мулоҳихзаҳои хешро роҷеъ ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, рушду пешрафти кишвар ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТба|н дошта,  аз ҳар як аъзои ҳизб ҷиҳати  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ  даъват ба амал овард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg