БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАИ САРУ ЛИБОСИ МИЛЛӢ БА НИЁЗМАНДОН!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Адрасбофон” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид .

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ , баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар – ҳамчун  ҳадафи чоруми миллӣ    гуфтугӯ намуда,  иброз  дошт, ки    дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз  ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и  Роғун мебошад.     

Дар охир вобаста ба қисмати амалии  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ду нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд Сафиямоҳи Ширин ва Ансораи Сунатулло сару либоси миллии адрас карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg