БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСГИРИИ МАКТАББАЧАГОН АЗ ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД ИКДОМИ САРИВАҚТӢ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи оғози соли нави таҳсил роҳбари Корхонаи дӯзандагии «Мадина» Раъно Қурбонова, ки аз аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Левакант мебошад, бо пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати расонидани кӯмакҳо ба шахсони маъюб, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ба як гурӯҳ мактаббачагон сару либоси мактабӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  туҳфа намуд.

Корхонаи дӯзандагии «Мадина» фаъолияти пурсамар дошта, дар он ҳудуди 15 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки имрӯзҳо дар баробари дӯхти навъҳои гуногуни либосҳо ба омода намудани сару либоси ягонаи мактабӣ машғуланд.

Чуноне, Раъно Қурбонова изҳор дошт,  ин иқдом барои дастгирии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба роҳ монда шуда, то имрӯз  15 нафар мактаббачагонро ба тариқи ройгон ва ба 20 нафар бо нархҳои нисбатан арзон  сару  либоси мактабӣ кӯмак расонидем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg