
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 81 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба муассисаи мазкур як адад тахтаи синфӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби мардуми маҳалла, аъзои ташкилоти ибтидоии Муборакқадам барои омодагиҳо ба соли нави хониш ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки аз он ҳамагон таассуроти нек бардоштанд.