БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАҲСИЛ БАРОИ ФАРЗАНДОН!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои  ибтидоии  деҳаҳои «Сомониён» ва «Шӯро»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод суҳбату вохӯрӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид.

Масъулин зимнан дар назди сокинон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру мулоҳизаронӣ карда, иброз доштанд, ки ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  барои  таъмини зиндагии шоиста ва ободии кишвар равона карда шудааст, ки аз ҳар яки мо масъулияти баланди ватансозиро тақозо менамояд.

Инчунин, бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла  падару модарон Аксияи ҳизбӣ баргузор  гардида, барои таъмири муасисаи таълимии миёнаи умумии  №15 синфхонаву деворҳои муассисаи таълимӣ бо талаботи замонави таъмир карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg