![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/68815504_490352431777308_9177565729606598656_n.jpg?itok=kZCK8oZj)
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Роҳи нав-2» -и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо сокинони маҳал дар мавзӯи «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» баргузор гардид.
Саравал суханро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маҳмадов Одилҷон оғоз намуда, оид ба мавзӯи болозикр мухтасаран шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас, мавсуф дар бораи дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.
Дар охир аз суҳбатҳои пурмуҳтаво сокинон таасуорти нек бардошта, миннатдории хешро баён доштанд.