
БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии он, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра ибрози назар карда, таъкид доштанд, ки ҲХДТ -ҳизби созандаи кишвар буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта, рушду нумуъ карда истодааст.