БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНД АСТ!

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”  мулоқот доир намуданд.

Риояи талаботи қонунҳои миллӣ,   чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои замони Истиқлолият аз мавзӯҳои меҳварии мулоқот маҳсуб ёфт.

Инчунин,дар идомаи сухан  таъкид гардид, ки Истиқлолият арзшмандтарин дастоварди мардуми кишвар ба шумор рафта, ҳифз ва таъмини пойдории он вазифаи ҳар сокини кишвар аст.

Ҳамзамон, масъулин моҳияти Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” – ро ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg