БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ БЕМОРОНУ БЕЧОРАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” -и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ доир намуд.

Масъулон зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ  ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода намоянд.

Дар ҷараёни сўҳбат аз иштирокдорон даъват шуд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

Дар охир, фаъолони ҳизб – аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ” барои татбиқи Аксияи ҳизбӣ ба як оилаи ниёзманди маҳал  кўмаки молиявӣ  расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg