БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ИН ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Омор»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин қайд карданд, ки аслан Истиқлолият ва Ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил Истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими Истиқлолият ҳамчун замина барои такомули Ваҳдати миллӣ ва дӯстию бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.

Аз ҷумла илова намуданд, ки мо - аҳли ҷомеаро зарур аст, ки тибқи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, тавассути андешаи солим дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg