БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРВАРЕ БО НУРИ РАҲМОНӢ

АНДЕША. Инак, пешорӯи мо санаи нишотбахш Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Ин санаи муборакқадаму шодиафзо бо насими рӯҳпарвару нури хуршедӣ моро дуруду паём мегӯяд аз 28 соли мустақилият, аз 28 соли ҷабҳаи созандагӣ, фазои солими озодӣ, суботи комили сиёсӣ, фатҳу нусрат.

  28 соли Истиқлолият…

  Шаҳди он дар вуҷуди ҳар яки мо нуфуз мекунад, ҷисму ҷонамонро тавоно медорад, нигоҳамонро ба ояндаҳои дур аз ҳисобҳо боз ҳам рӯшантар менамояд

  Воқеан, Истиқлолият чун анвори заррини хуршеди ҷаҳонтоб барои ҳар яки мо мустақилияти фарогир бо марзу бум, муқаддасоти миллӣ, партави озодӣ, ситораи бахту иқбол, шуълаи бародарӣ, фазои сулҳу субот  ҳадя кард. Албатта, 28 сол назди қомуси таърих чандон тӯлонӣ нест, агар он солҳои навадум тифли зебои дӯстрӯеро мемонд, ки акнун қомат рост мекард, имрӯз тимсоли ҷавонмардеро мемонад, ки дар гирудори ҳаёт устуворона гом мебардорад. Маҳзи ҳамин ин санаи фархундаро метавон соли фатҳи қуллаҳои саодати миллат дар давлати миллии пойдор номид. Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, дар ин муҳити ҷамъияти офаранда корҳои бузургу муҳташаме сомон дода шуданд, ки давоми 70 соли шӯравӣ ба вуқӯъ напайваста ва ба торҳои хаёли нафаре ҳам наомада буданд, амсоли ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи Ирам, иншоотҳои азиму хурди истеҳсоли барқӣ, маҳсулоти аввалияи ниёз, нақбҳо, роҳҳо, пӯлу кӯпрукҳо, кохҳои бошукӯҳи фарҳангӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ, мактабу гимназияҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат, Маркази миллии тестӣ, боғҳои интенсивӣ, ширкатҳои муштараки бузурги хусусӣ ва дигар ниёзу хостаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ.

   Ва муҳимтар аз ҳама:  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 4 иқдомоти беназиру бесобиқаи ба манфиати мардуми сайёра нигаронидашудааш, вобаста ба масоили глобалии ҷаҳон-об, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари ташаббускор ва хешро ҳамчун нобиғаи хирадманд, ояндабину ояндасоз, ҷӯёи мушкилоти банни башар ва хостори ёфтани роҳи ҳалли онҳо муаррифӣ кард. Чунончи, соли 2003-соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015- даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013-Соли дипломатияи об ва ё ба таври дигар, ҳамкориҳо дар соҳаи об, солҳои 2018-2028- даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор». Танҳо қалб ва равони Эмомалӣ Раҳмон барин инсонҳои чун гӯшту нохун бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайванд аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ, мубталои беморӣ гардидану фавти миллионҳо нафар аз оби сирояткунанда азияти рӯҳӣ мекашанд. Бале, бо нигаристан аз ин дидгоҳи сиёсию маънавӣ кас ба чунин хулосаи амиқ меояд.

   Баъзан чунин ибораро мешунавем: «Тоҷикистони кӯчак». Аммо имрӯз ин кишвари «кӯчак» фарогир ва мизбони даҳҳо конфронсҳою чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе мебошад, ки назираш дар кишварҳои абарқудрат ба мушоҳида нарасида. Чунончи, 4 майи соли 2018 конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», 1 июни соли 2018 ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ, 20 июни соли 2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 17 майи соли 2019 Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва  ҷиноятҳои муташаккил», 14-15 июни соли 2019 «Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё». Тасаввур кардан хеле хушоянду фараҳбахш буда, ки дар яке аз ин конфронсҳо 1500 коршинос беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Маҳзи ҳамин ин чиз хотири моро навозиш медиҳад, ки имрӯз ҷаҳон санохони Пешвои муаззами тоҷикон гардида, чаро ки агар сарони кишварҳои абарқудрат дар дигар китъаҳои олам манфиати худро ҷӯянду барои соҳиб шудан, масалан ба нафт, зери пардаи «кумак» оташи ҷангу хунрезиро дардиҳанд ва дар ин маврид ҳатто ба мӯйсафедону кӯдакон тараҳҳумро арзонӣ надоранд, Президенти мамлакати мо, то ин ки халқи олам, масалан ба оби тозаи ошомиданӣ дастёб бошанд, бо пешниҳодҳои фардонигар аз худ ҷоннисориҳо нишон медиҳад.

   Аммо таассуфангез аст, ки ин гуна раванди хушҳолкунандаю рӯйдодҳои муассири иҷтимоӣ, ин гуна дастовардҳои беназири соҳибшудаи давлатамон дар андак фурсат ва ҳамзамон нуфузу мартабаи олии Сарварамон дар арсаи байналмилалӣ барои экстремизми сиёсӣ, мухолифони иртиҷоию ифротии давлату миллат, зархаридони манқуртшудаю ақлбохта хушоянд нест, онҳо чун мори заҳрогин бо худ печида ва чун ақраб чӣ тавр неш заданашонро намедонанд.

   Дар таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ чунин нашуда, ки роҳбари давлат бо дарку фаҳми олии воқеият ба хотири сулҳу субот мухолифони қотилашро, душманонеро, ки заминро аз хуни мардуми бегуноҳ ноҳаққона лолагун кардаанд, боз бари худ шинонда, ба курсиҳои давлатӣ соҳиб гардонад. Аз ин лиҳоз, ин амали инсонгароёнаи каснадиду касношунид бо номи «Модели сулҳи Раҳмонов» дар сархати афкори кулли таърихшиносон, сиёсатмадорон ва сарони давлатҳо қарор гирифта, мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ шуд. Аммо носипосони тафаккури ақибмондадошта,  ашхоси тиҳӣ аз фазилатҳои одамият, бинобар тираю маҳдуд будани ҷаҳонбинии воқеиашон намак чашида, боз ба намакдон тӯф карданд, намунааш хиёнату ҳуҷуми муссаллаҳонаи генерал ҳоҷӣ Ҳалим Назарову ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015, бо амали ҷоҳилона 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз дасти хуношоми гурӯҳи мусаллаҳи собиқ ҲНИТ ваҳшиёна ба қатл расидани сайёҳони хориҷӣ-шаҳрвандони Америка, Швейтсария ва Нидерландия.

  Бе муболиға метавон гуфт, ки чунин нақшаҳои сиёҳ ҳубобҳои рӯйи обро монад. Заиф гардондани пояҳои давлатдорию истиқлолият, зери шубҳа гузоштани фазои сулҳу оромӣ ҳеҷ гоҳ ба онҳо даст намедиҳад. Он сенарияи қаблии сиёсисозии эътиқоди мардум, бародарро бо бародар душмангардонӣ, кулбаи ҳамсояро оташзанӣ, супоришҳои хоҷагони бегонаро ба хотири маблағҳои ҳангуфт ба ҷо овардан кайҳо куҳна шуд. Воқеият имрӯз чунин аст, ки бовару эътимоди мардум ба Сарвари хирадсолори худ чун чанор жарфнотар реша медавонад, чаро ки дар симои ин нобиғаи олии давру замон наҷотбахшу бахтофарини худро мебинанд. Эмомалӣ Раҳмон дар қалби онҳо хершедеро монад, ки бо анвори зарҳалинаш Тоҷикистони харобгаштаро мунаввар гардонд. Акнун пушти сар шуд он тӯфонҳои сиёсӣ, гузашт он тирарӯзҳои ибтидои солҳои навадум, солҳое, ки хиёнаткорон бо сафсатаҳои бепоя, ваъдаҳои дурӯғин бағали мардумро бо чормағзи пӯч пур карда, онҳоро сӯйи давлату ҳукумати қонститутсионӣ шӯронанд, мегӯянд-ку: «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад».     

   Бисёр нанговар аст, ки қисме аз ҷавонони маърифати диниашон паст, тафаккури миллии сиёсию диниашон ҳанӯз ташаккул наёфта, печида бо таассубу хурофот ва ақидаҳои ифротӣ, аз сиёсати дасисабозон ноогоҳ ҳангоми муҳоҷират дар хориҷи кишвар бо ҳар роҳу восита ба доми тазвири гурӯҳҳои фоҷиабарангези экстремистӣ афтода, ба ҷангҳои Ироқу Сурия кашида шуданд ва акнун дар сарҳад  пайи пиёда сохтани нақшаҳои сиёҳанд. Олами ҷаҳолату касолати ақлонӣ, нодонии динӣ,ки инро метавон фоҷиаи зеҳнӣ номид, онҳоро чунон ба оғӯши торику ваҳмангези худ печонда гирифтааст, ки барояшон дигар роҳ ба сӯи рӯшноӣ намонда.

   Бояд тазаккур дод, ки мусулмонони бо зеҳну шуури рӯшани Тоҷикистон дар мазҳаби Имоми Аъзам буда, ниёз ба ҳеҷ гуна равияю фирқа ва мазҳаби дигарро надоштанду надоранд. Раванди ҳодисоти ҷаҳонӣ, аз қабили тахрибкорӣ, қатлу куштор дар кишварҳои исломӣ нишон дод, ки ҳадафи равияҳои гуногуни тундгарою моҷароҷӯи салафия, ваҳҳобия, наҳзатӣ ва дигару дигар барин бодҳои илмситезу фарҳангсӯз халалдор кардани амн, фитнаангезӣ, расидан ба манфиатҳои иқтисодию ғаразҳои сиёсии худ мебошаду бас, тору пуди онҳо бо фитнаю найрангҳои аҳриманӣ сиришта шуда, ғами беҳрӯзии мардуму ободии давлат ва суботи ҷомеа барояшон арзише надорад. Ногуфта намонад, ки чунин ҳаракатҳои манфур тамоюли ҷаҳонишавӣ доранд. Маҳзи ҳамин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористию экстремистӣ дар қаламрави мамлакатамон манъ гардонда шудааст, амсоли ҲНИТ, «Алқоида», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷабҳат-ан-нусра» ва ғайраҳо.

   Эмомалӣ Раҳмон бо санъати роҳбарӣ ва сиёсати давлатдории худ дар таърихи навини муосири инсоният шахсияти нотакрор ва беназир аст. Ин фарзонафарзанди миллати тоҷик аз ҷониби Созмони бонуфузи Ҷомеаи Аврупо «Пешвои асри ХХ1» эълон шуд, ин пешоҳанги ҷомеаи ҷаҳонӣ ба феҳристи «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» шомил ва бо нишони эҳтиром профессор, доктор ва шаҳрванди ифтихории даҳҳо кишвару донишгоҳҳои олам пазируфта гардид, ки ин сарбаландии ҳар як тоҷикистонӣ ва тоҷикони рӯйи олам мебошад. Ҳанӯз соли 2005 Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шоҳи Арабистони Саудӣ ба хонаи Каъба ворид шуда буд.

   Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърихи миллати тоҷик бебаҳост. «Аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва чандин китобҳои дигари таълифкардааш, ки аз жарфно, решаҳои обхӯрдаи таърихи миллат сухан гуфта, гиреҳҳои нокушудаи таърихро кушуда, хидматҳои мондагори нухбагон, бузургмардони огоҳи миллатро чун Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ҷовидонӣ гардонд. Осори гаронмояи онҳо дар хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ватандории ҷавонон мақоми бузург доранд. Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд.

   Аммо аҷиб ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳама шуҳрати ҷаҳонӣ ва рӯҳи шикастнопазир доштанаш боз як инсони заминӣ, навозишгари насли наврасу ҷавонон, хоксору фурӯтан ва мардумшинос ҳам мебошад. Ӯ, ки худ зодаи деҳот асту пастию баландиҳои рӯзгори мардумро паймудааст, бо барзгару коргари одӣ, нафарони маъюбу камбизоат дар суҳбат мешавад, чун дар кору рӯзгорашон мушкилоти печидаеро дарк мекунад, бо супориш ба дарду ҳолашон расида, ниёзҳои иҷтимоиашонро ба бор меорад. Кадом сарвари давлат минтақа бо минтақа сафарҳои корӣ анҷом дода, бо ҳастии маънавии хеш аз ҳолу аҳволи мардуми шаҳру музофот ва ормонҳои иҷтимоии онҳо аз наздик шинос мешавад, барои дар як сол гирифтани се ҳосил ва захираи хӯроки чорво даъват ба амал меоварад, кадом роҳбари давлат ҳини мулоқотҳо ба хотири рушду ташаккули фарҳангшиносӣ ҷавонони бедордил, рӯшанфикри ояндабинро номнавис карда, ба макотиби олӣ шомил мегардонад, зеро дар шукуфоии давлату миллат пеш аз ҳама илм мавқеи калидӣ дорад, кадом роҳбари давлат ба хотири рушди ҷомеа ҳар солро дар кишвари худ ба номи шахсияте ва ё соҳае эълон медорад, монанди «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», «Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти устод Рӯдакӣ», «Соли оила», «Соли ҷавонон», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»… Ҳамаи ин аз дар умқи дил парвардани муҳаббати афзуни Сарвари нексириштамон ба миллат, марзу бум, обу ҳавои сарзамин шаҳодат медиҳад.

  

Саидаҳмади Ҳасан, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ», аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg