БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД!

ВИЛОЯТ. Дар толори театри вилоятии мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баромад намуда, иброз дошт, ки машварати августии омӯзгорон дар лаҳзаҳое баргузор гашта истодааст, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон, аз ҷумла аҳли илму маорифи вилоят дар рӯҳияи созандагӣ ва ободкорӣ дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайратмандона фаъолият ва кору зиндагӣ намуда, баҳри истиқболи сазовор аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои созанда намуда истодаанд.

Боис ба ёдоварист, ки хонандагони болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2019 сазовори 255 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 51 медали тилло, 59 медали нуқра ва 145 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 72 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Раиси вилоят оид ба дастовардҳои соҳаи маориф сухан ронда, ҳамчунин атрофи мушкилоту камбудиҳо дар соҳа махсус таъкид ба миён овард. Ва баҳри ҳалу фасли камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зимни ҷамъбасти машварат дар баробари аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон қадрдонӣ кардани кормандони соҳаи маориф ва хонандагоне, ки соҳиби медал ва ҷоизаҳои соҳаи маориф гардидаанд, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ба хотири саҳми арзанда гузоштанашон дар амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа, иштироки фаолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, тарбияи насли наврас ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg