БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ БА СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ РУЙ ОВАРДААНД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даштигуло”- и ноҳияи М.С.А Ҳамадонӣ хониши сиёси Аксяи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён доштанд: Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони  хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда  мехоҳам як нуқтаро таъкид намоям; ба раванди созандагии ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва  ҳар фарди ҷомеа бояд касбу коре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

  Дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии соҳибкори бонангу номус Назарзода Наҷмиддин роҳравҳои муассисаи таълимии №18 сафолакпуш карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg