ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кодара-2-и Ҷамоати деҳоти Панҷрўд бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёси ва Аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизби ноҳия Гадой Сайдалиев оид ба корҳои созандагию бунёдкори дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Дар қисмати охир иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид, ки аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ роҳравҳои муассисаи таълимии №38 сафолакпуш карда шуданд.