БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ БА ТУ РОҲБАРИ ЯҚИН АСТ ...

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулиятишаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Дӯстӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд .

     Дар мулоқот Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун    гуфтугӯ кард.

     Зимнан, дар бораи  сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ва  нисбати мақолаи “Тоҷикистону Ӯзбекистон – ҳамкориҳои илмӣ вусъат меёбанд” ибрози сухан намуд.

     Дар фарҷом вобаста ба қисмати тарғиботию амалӣ таҳти унвони аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои муассисаи таълимии деҳаи худ ба маблағи 1200 сомонӣ маҳсулотҳои  таъмирро харидорӣ намуда, дастрас карданд.  

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg