БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии “Ниҳолпарвар” доир ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷикон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

         Дар вохӯрӣ доир ба эҳёи анъанҳои миллӣ аз қабили қуроқордӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва ҷашни маросимҳо вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ суҳбат ороста, қайд карда шуд, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузашаҳои аҷдоди тарбия кард.

  Ҳамчунин баҳри иҷрои супориши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ташкилоти ибтидоии “Ниҳолпарвар” ба 1 нафар сокини деҳаи Доққи-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият аз қабили маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg