БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нусратулло Махсум”-и  деҳаи Нусратулло Махсумӣ Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолият дар мавзӯъи “Тарбияи худшиносии миллӣ дар насли наврас” хониши сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.  

         Кормандони масъули ҳизб дар ноҳия оид ба нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар андешарони намуда, қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардуми ва сайёҳӣ эълон карда шуд.      

 Сокинони ин деҳа иқдом гирифтаанд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва бахшида ба рузи Дониш муассисаи деҳаашонро таъмир карда ба истифода медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg