БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РЕШАКАН КАРДАНИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҲАДАФИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матбаа»-и ноҳияи Ҷайҳун оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулини ҳизб қайд карданд, ки солҳои 2018 – 2019 дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бо иштироки намояндагони даҳҳо давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомӯз» ва «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маъводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» гузаронида шудааст.

Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи кишвар ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт рӯз то рӯз пурзӯр намуда истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg