БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАРҒИБГАРИ АФКОРИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёд” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуд.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки таҳким бахшидани  иқтидории илмии кишвар, ҷори кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддию техники муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зиннаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин ру давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зиннаҳои таҳсилот бо мааром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа  давра ба давра ҳал карда мешавад.

  Дар доираи Аксияи ҳизбии Якҷоя ҳал мекунем бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёд-2” синфхонаи МТМУ№50  бо масолеҳи сохтмони таъмин ва таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg