БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидои ҳизби “Ҷамоати деҳоти Маданият”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия вохўрӣ доир гардид.

Масъулон оид ба хатари терроризму экстремизм ба истиқлолияти давлатӣ, хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, ки ба косташавии маънавиёти ҷомеа меорад суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротӣ дода шудани ҷавонон ин бо хурофотпарастӣ заҳролуд шудани мафкураи ҷавонон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа фарзандонро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инсондўстӣ тарбия намуда, оқибатҳои манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонанд.

Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор карда шуда, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ ба як нафар маъюуб кӯмаки молиявӣ бо маблағи 100 сомонӣ расонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg