БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН БЕҲТАРИН ХАЙР АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии Ҷамоати деҳоти Узун баргузор гардид.     

Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, аз ҷумла обу экология дида баромада шуд.

Масъулин оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидои ҳизби ҷамоати деҳоти Узун ба як оилаи ниёзманд кӯмаки молиявӣ бо маблағи 250 сомонӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg