БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ҲХДТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН

ВИЛОЯТ. Дар доираи ҳамкориҳои созандаи ҲХДТ ва Ассамблеяи халқҳои Руссия ҳайати масъули кормандони ҳизби дар ҳайати Тоҷикистон 5 нафар - Илҳомҷон Ҳамидиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Шаҳбози Искандар - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сайдали Шамсов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳамрохон Ибодов - мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шохмансур ва Зебинисо Бозорова, хабарнигори нашрияи "ҲАМРОЗИ ХАЛҚ"-и КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии таълимии ҷавонон таҳти унвони "Неруи Байкал" дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ин сафар дар самти табодули таҷриба ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳизбӣ оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ сурат гирифтааст.

Дар форуми мазкур, инчунин ҷавонон аз кишвархои Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон ва вилоятҳои дурдасти Русия иштирок доранд.

Баррасии масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, коркарди механизми муассири фарогирии ҷавонони минтақа, омӯзиши таҷрибаи ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар самти фарогирии ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар масоили мавриди назар дар форум мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Инчунин, дар рафти Форум ҳайати ҳизбӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Иркутск иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Дар ин қувваозмоӣ дастаи Тоҷикистон низ иштирок дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg