БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ ЯТИМОНУ ДАРМОНДАГОН ВА БЕМОРОНУ БЕЧОРАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Шакардашт»-и Ҷамоати Нури ваҳдат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия вохўрӣ доир гардид.

Масъулон оид ба хатари терроризму экстремизм ба истиқлолияти давлатӣ, хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, ки ба косташавии маънавиёти ҷомеа меорад суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротӣ дода шудани ҷавонон ин бо хурофотпарастӣ заҳролуд шудани мафкураи  ҷавонон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа  фарзандонро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ,  инсондўстӣ тарбия намуда, оқибатҳои  манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонанд.

         Аксияи ҳизбӣ-тарғиботии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо қувваи сокинони маҳал дастаҷаъмона ба як оилаи ниёзманди маҳал кумаки моддӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg