БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗУ ГИРОМИДОШТИ ДАСТОВАРДҲОИ 28-СОЛИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ВАТАНДӮСТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» вобаста ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Нодирзода Исломуддин хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабиниро вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» Нодирзода Исломуддин ҳусни ифтитох бахшида, мақсади баргузории чорабинӣ ва ҳайати меҳмононро ба иштирокчиёни чорабинӣ шинос намуда, сипас суханро ба Тағоймурод Ҳасанзода дод. Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худ ноил гардид.

Ҳасанзода Тағоймурод зимни баромади худ афзуд, ки истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург буда, ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин сохт. Истиқлолият шахси баҳри ноил гаштан ба ин неъмати бузург ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷову далер сабт менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg