БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИГАҲДОРИИ ОСУДАГИВУ СУБОТИ СИЁСӢ ВА ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГӢ ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади иҷрои нақша бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилоту муассиса дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Бахтобод” хониши сиёсӣ доир гардид.

         Зимни суҳбат қайд гардид, ки мо дар замони хеле мураккабу печида, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди абаркудратҳои чаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеология глобали зиндагӣ ва фаъолият дорем. Дар чунин вазъият ба моҳияти вокеият саривақт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ мехоҳад. Терроизм, ифротгароӣ ва амалиёту ҳаракатҳои тундраву хиёнатпеша дар ҷаҳони муосир пайваста кӯшиши доман паҳн намудан доранд. Яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳимояи аз доми фиреби ин неруҳои тахрибкор таквияти тарбияи ватандӯстӣ ва ватанпарварист. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки тавассути хонишҳои сиёсӣ маълумотнокии табақаҳои гуногуни ҷомеаро аз хатарҳои терроризму экстремизм зиёд намояд.

         Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, бо дастгирии шахсони саховатпеша ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ гирду атрофи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 рангу бор гардида истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg