БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН РУКНИ ОЗОДИИ ИНСОН ВА ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда дар  ташкилоти ибтидоии «Фонди нафақа»-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷайҳун оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин қайд карданд, ки истиқлолият, ҳақиқатан неъмати бебаҳои таърихи аст. Дар охири асри бист миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ба қарибӣ мо – тоҷикистониён 30 – солагии ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун ҷашни миллии хеш таҷлил менамоем.

Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин муваффақияти давлату давлатдории халқи тоҷик дар охири асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шeравӣ дар аввали асри бистум арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳоӣ марзӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташкил ва ташаккул ёфт, давраҳои гуногунро аз сар гузаронда, сабзид ва ба камол расид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg