БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЛШАН БИЁБОН МЕШАВАД АНДАР ХУМОРИ ОБҲО!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси   масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии обёрии деҳоти ноҳияи Панҷ”  бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии обёрии ”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

         Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, обу экология дида баромада шуд. Масъулин оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. 

Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи тарғиботи амалии “Якҷоя ҳал мекунем!”   аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии обёрии деҳоти ноҳияи Панҷ” ба як оилаи ниёзманди маҳалла кумаки гизои расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg