БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАВҲАРИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МИЛЛАТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Токистон”-и Ҷамоати деҳоти Панҷоби бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  хониши сиёси ва Аксияи ҳизбии Якҷоя ҳал мекунем гузаронида шуд.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон оиди даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  солҳои 2018-2028» ва барномаи ислоҳоти оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2016-2025, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти  об дар кишвар ба ҳисоб меравад суханронӣ кард.

    Яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро  талаб менамояд таъминоти аҳоли бо об ва ҳамчунин  таъмини об барои маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии Якҷоя ҳал мекунем аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии Токистон қубурҳои нави обгузарони барои обёри кардани маҳсулоти кишоварзи шинонда шуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg