ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ин навбат бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳия вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар мулоқот нахуст суханро мудири шуъба таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон оғоз намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ суханронӣ намуд.
Дар охир вобаста ба қисмати тарғиботию амалӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки ба масофаи 500 метр роҳи кучаро асвалтпӯш намоянд.