![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190820_093640.jpg?itok=gxSq9rO_)
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён»-и ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиuот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бекмамадов Асалмамад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷасумгари симои маънавии халқ, мутаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташакулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».
Яъне фарҳанг оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбад.