Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Балх” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни баррасии самтҳои афзалиятноки ҳизб қайд намуданд, ки мақсади асосии амалинамоии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалб намудани фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати саҳм гузоштан дар таъмин намудани мактабҳо бо таҷҳизоти лозимӣ, муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳои ҳудуди деҳа ва барои беҳтар гардидани шароити зиндагонии сокинон нигаронида шудааст.
Дар хотима аз ҷониби раиси ташкилоти ибитидоӣ-Юсуфзода Абдулло ба як оилаи ниёзманд ба маблағи 150 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.