
ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №2» баргузор гардид.
Дар мулоқот намбурда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан, дар бораи давра ба давра ҳал гардидани се ҳадафи асосии давлат –таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуданд.
Инчунин, нотиқ баъзе масъалаҳои марбут ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллиро шаҳр доданд.