БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗИ САВОБИ ҶОРИЯ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи ба номи «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти Гулистон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Масъулин зимни баромад оид ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлати, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханрони намуданд..

Ҳамзамон, дар қисмати амалии чорабинӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»,  сокинони  деҳаи мазкур  бо як рўҳбаланди ва миннатдорӣ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбари давлат бо шукргузори аз фазои сулҳу субот дар таъмири роҳи деҳа, ки солҳои зиёд фарсудаю таъмирталаб шуда буд, саҳм гузошта роҳи деҳаи мазкурро мумфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg