БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛАМОН ОҒОЗ МЕГАРДАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии дехаи «Нурафшон»-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрии судманд доир гардид.

Масъулин зимни баромад андешаронӣ намуданда, қайд карданд, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои эшон ба ободии Ватан ва осудагии рўзгори сокинон нигаронида шудааст. Аз ин рў, ҳар яки моро лозим аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар кору фаъолият намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва зиндагии боз ҳам шостаи хеш бо роҳи иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ якҷоя саҳмгузор бошем.

Дар ин рўз дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба сохтмони як қатор иншоотҳои хизмати маишӣ аз қабили сартарошхона, дорухона, утоқи хатна ва ғайра, ки бо ташаббуси аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Нурафшон», соҳибкори маҳаллӣ  Садриддин Ғозиев  бо дастгирӣ аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагии ҳамдеҳагон ба нақша гирифта шуда буд, ҳусни оғоз бахшида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg