
КӮШОНИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Ваҳдат” – и Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳашари ободонӣ баргузор гардид.
Ҳашарчиён асосан дар рангу бор намудани деворҳои бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 –ноҳия саҳми беандозаи худро гузоштанд.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама бо иштирокчиён сурат гирифт.