
ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби вакили ҳизбӣ Тағоев Ҷамшед ва мардуми деҳаи Дастгираки поён маротибаи дуюм ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 15 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Аз ҷониби вакили ҳизбӣ Тағоев Ҷамшед ва мардуми маҳаллаи Дастгираки поён ба муассисаи мазкур ба миқдори ду тона семент кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар ин рӯз аз ҷониби аҳолии маҳаллаи мазкур барои таъмиру тармими даромадгоҳи муассиса ҳашари дастаҷамъона низ ташкил карда шуд.