БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪНАВИЁТИ СОЛИМИ ҶОМЕА АСОСИ ПЕШРАФТ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар деҳаи «1-май»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.     

      Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «1-май» Ҷурахонов Сайдамир иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Ҳангоми баромад Одилҷон Маҳмадов кайд кард, ки мақсади аслии ҷамъомад, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ҷихати хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни занон, ҷавонон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирии шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иборат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg