БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи вилоят” хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок намуда, дар мавзӯи “Истиқлолият -неъмати бебаҳо” маърӯза намуд.

Дар аввал аъзоёни ТИҲ – ии “Суғуртаи вилоят”-ро ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки –Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар охири асри ХХ ба даст омада буд, беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар ин аср ба шумор меравад. Имрўз бо ҷаҳду талошҳои фарзонафарзандони миллат ин неъмати Худододӣ дар кишвар ҳукмфармон буда, вазифаи муқаддаси ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро ҳифз намуда, поку беолоиш ба насли наврасро ба мерос гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg