БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МЕТАВОНАД ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИРО БА ФАЛАҶШАВӢ ОВАРДА РАСОНАД

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи пуст» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Фирузи Саидмӯъмин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пуст” Муродов Амирхон иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Зимни ин мулоқот Фирузи Саидмӯъмин оид ба масъалаи пешгирии коррупсия дар байни ҷомеа изҳори андеша намуда, гуфт, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи коррупсия хеле ба ташвиш овардааст. Аз ҷониби  созмонҳои байналмилали низ нисбати ин зуҳуроти номатлуб қарору қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии  мухталиф  ба тавсиб расидааст.

Инчнунин, гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбати чунин масъалаҳо истисно нест. Зеро бо ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, якқатор корҳо ба аҷом расиданд, аз ҷумла  як сохторе бо номи  Агентии давлатии молиявии мубориза зидди коррупсия ташкил шуд, ки дар мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти пурсамар дорад. Зеро коррупсия метавонад ҳама пояҳои давлатро ба фалаҷшавӣ оварда расонад ва боварии мардумро нисбати ҳама мақоматҳои давлатӣ коҳиш диҳад. 

Дар ин росто таъкид шуд, ки моро зарур аст дар якҷоягӣ пайваста нисбати ин вабо муборизаро пурзур намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg