БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУНТАЗАМ ИДОМА ДОДАНИ МУЛОҚОТҲО ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ БЕМОРИИ АНМО/ВНМО МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сариосиёб” вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ хониши сиёсӣ доир шуд.

Зимни чорабинӣ Саидов Умар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ишитрок ва суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди созандагию пешравиҳои мамлакат, имрӯзҳо дар байни ҷомеаи мо мушкилиҳое ҳастанд, ки роҳи ҳалли он ба ҷомеаи кунунӣ вобастагӣ дорад. Чунин мушкилоте, ки имрӯз мавҷуд аст, ин ҳам бошад, зиёд гардидани бемории АНМО/ВНМО аст. Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки ин бемории марговар асосан бо се роҳ ба органими инсон ворид мегардад, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бе муҳофизат, аз модари бемор ба кудак, аз хуни сироятшуда ва боз омилҳое ҳастанд, ки эҳтимоли сироятёбии мардум хеле зиёд мебошанд. Масалан дар баъзе аз сартарошхонаҳо зимни тозакардани мӯйлаб ва риш, ки ҳатто одитарин талаботҳои санитарӣ риоя намегардад ва боз чандин мисоли дигар овардан мумкин нисбати ин масъала, ки ҳамаи ин омилҳо аз маданияту ахлоқи ҳар як шахс вобастагии хеле зиёд дорад.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки дар сурати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо доир ба ин масъалаи муҳим, мунтазам идома додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум аз ҷониби фаъолони ҷомеа, хусусан, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мо метавонем суръати паҳншавии ин ваборо коҳиш диҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg