БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИДДИ ХУРОФОТПАРАСТӢ ВА ТАҚЛИДКОРИИ КӮР – КӮРОНА МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

БОХТАР.  Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раҳнома” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир шуд.

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин Вафо иштирок карда, доир ба масъалаҳои муҳим ҷомеа андешаронӣ кард. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” дар амали гардидани яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ -“Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” метавонанд нақши арзандаи худро гузаранд. Аз ин рў, бояд, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, посидоштани фарҳангӣ миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, содиқ буданба Ватану меҳан диққати аввалиндараҷа диҳем, то ворисони ҳақиқии Рӯдакиву Сино, Хайёму Балхӣ, Айниву Турсунзодаро ба воя расонем, - гуфт  Наҷидуллозода Насриддин зимни баромади худ дар назди аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур.

Ҳамзамон, масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” муҳокима гардида, Забирзода Қ. Раиси  ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg