БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ БОРГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Бурдангал вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

      Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок карда, бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Бурдангал, дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, инчунин оиди баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ    гуфтугӯ намуд.

       Зимнан, аз нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ” дар бораи “Терроризму экстремизм ба сарнавишти ҷаҳон хатари бузург дорад”  ибрози сухан намуд.

       Дар охир вобаста ба қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ба муассисаи таълимии деҳаи худ барои таъмир ба маблағи 3000 сомонӣ маҳсулотҳоро харидорӣ намуда, дастраси масъулини мактаб карданд. 

   

       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg