БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохўрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ин навбат бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “деҳоти Нури Ваҳдат” баргузор гардид.

Зимни баррасии самтҳои афзалиятноки ҳизб Файзизода Каримҷон қайд намуд, ки амали намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати саҳм гузоштан дар сохтмон, таъмиру азнавсозӣ ва таъмин намудани мактабҳо бо таҷҳизоти лозимӣ, муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳои ҳудуди деҳа, таъмири азнавсозии объектҳои обрасонӣ, инчунин бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ, ширкат дар корҳои дигари ҷамъиятӣ буда, барои  беҳтар гардидани шароити зиндагонии сокинон нигаронида шудааст.

Дар хотима раиси ташкилоти ибитидоии  “деҳоти Нури Ваҳдат” иброз дошт, ки  бо ин мақсад бо қувваи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мо ба 1 оилаи ниёзманди ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ба маблағи 250 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонидем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg