БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲОНИДАНИ ҶОМЕА АЗ МАҚСАДУ МАРОМИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Чармгарон” вобаста ба иҷрои нақша доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ шуд.

Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни мулоқот ишитрок ва суханронӣ намуд.

         Зимни баромади худ Мунаввараи Бозоралӣ қайд кард, ки аъзо будан дар ҳизби пешоҳанги мамлакат, боиси ифтихори мебошад. Зеро бо амалҳои созандаи худ исбот намуд, ки дар асли ҳизби мардумӣ мебошад ва ҳадафаш танҳо хизмат ба халқ аст.

         Дар идома гуфта шуд, ки яке аз омилҳои даст задан ба ин амалҳои ғайри инсонӣ дар паст будани сатҳи донишу фаҳмиши диную дунявӣ, надоштани маърифати динӣ ва ноогоҳ будани баъзе аз ҷавонон аз асли хеш мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар як аъзо ва тарафдорони ҳизбро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил ва фазои орому осоиштаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол барои баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ дар замири ҷавонон корҳои тарғиботиро зиёд намуда, баҳри ояндаи пурсаодати миллат саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg