Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū”. Вохўрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин навбат бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумаки хонагӣ” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, иброз доштанд, ки мубориза бар зидди коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатист ва имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ мубориза алайҳи ин амили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.