БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН САҲМИ АРЗАНДАИ ХЕШРО МЕГУЗОРЕМ!

ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пролетар»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» ва ҳамзамон дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок намуда, қайд кард, ки истилоҳи “Терроризм” (аз калимаи лотинии “tеrrоr”) сарчашма гирифта, маъноаш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Терроризму экстримизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg