БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИСМАТИ ТАРҒИБОТИИ АКСИЯИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ” ДАР “ЗАРХЕЗ”

БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Маҳаллаи Зархез”-и шаҳри Бохтар бо мақсади иҷроиши қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” вохӯри доир шуд.

Дар вохӯрӣ намояндаи ҳизб дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд. Ҳангоми баргузории чорабинӣ Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекуем”, дастгирии сиёсати пешгирифта давлату Ҳукумати Тоҷикистон, баландбардоштаи некуаҳволии мардум, самаранок истифодабурдани замин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра фирку ақидаҳои худро баён намуд.

-Мақсади асосии роҳандози намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” пеш аз ҳама саҳмгузорӣ намудани ҲХДТ ва аъзоёни он дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон аст. Таъмири роҳу купрукҳо, ҳалли проблемаҳои мактаб, дастгирии оилаҳои ниёзманд, таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ аз ҷумлаи он мақсадҳои гузошташудаи мо ба ҳисоб мераванд, - гуфт ҳангоми баромади худ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg