БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ ДИНСИТЕЗОН АСТ

ВОКУНИШ. Як зумра динситезони кӯрдил аз миллату аз давлати  тоҷикон бехабар, барои мақсадҳои нопоки худу хоҷаҳои хориҷиашонро дар байни мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ кардан, дар ибтидо ҳизбе бо номи назҳати исломиро ташкил карда буданд. Воқеан ҳам бисёриҳо ба ҳиллаю найранги динситезони наҳзатӣ гумроҳ шуда, шарикашон мешаванд. Корро ба  он дараҷа мерасонанд, ки мардуми кишварро ба ду гурӯҳи ба ҳим зид – кофиру мусулмон ҷудо мекунанд. Бо ҳамин ба хотири нақшаҳои ифлоси террористю ифротгароӣ дар мамлакат ҷангҳои бародаркӯширо ташкил мекунанд. Ҳисорот ҳисоб надошт. 150 ҳазор шаҳрвандони кишвар аз ҷони ширинашон  маҳрум карданд.  Деҳоти вайронаи бесоҳиб  ҳазорҳо  гектар заминҳои  аз зироат холӣ шӯразада шуданд, набзи зиндагӣ дар мамлакат андак монда буд, ки аз тапидан боз  монд. Ҳамаим ин аз касофати ТТЭ ҲНИ ба миён омада буд. Бо чӣ қадар талошҳою муборизаҳои мақсадноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷангҳои шаҳрвандиро хомӯш карда, миллатро ба ваҳдату ягонагӣ овардем. Саркардагони ҳизби хунхору ҷинояткори назҳати исломӣ баъд  аз он ки ба мақсадҳои нопокашон нарасиданд, ҳамроҳи ҳамтабақонашон думро хода карда, ба пеши хоҷаҳояшон паноҳ бурданд. Имрӯз онҳо аз хориҷи кишвар бо роҳбарии раиси ҳизбашон Кабирии беномусу бешараф дар фикри он ки  Тоҷикистонро бо кадом роҳу восита дуюмбора ба ҷанг бикашанд.  Барои ин чанд ҳаромзодаи миллат паймони миллӣ бастанд, ки буза бозӣ меояду хара ханда. Дар Тоҷикистон шояд ҷонибдорони ин назҳатҳои кӯрдил ягон кас монда бошад, дигарон ҳама найрангҳои ин ифритмаобҳои наҳзатиро фаҳмиданд, ки онҳо аз  кадом тоифаи ҳастанд. Гап сари он ки дар байни ҷавонони мо ҳоло ҳам аз сиёсати динӣ ва дунявӣ, аз илму донишу китоб дӯр монда кам нестанд. Чун ба кишвари Россия ба муҳоҷират мераванд, аз соддагӣ ба доми онҳо  меафтанд. Аз ин лиҳоз камина, ки муаллим ҳастам ба  чунин ҷавонон гуфтаниам, ки чӣ дар муҳоҷират ва ё дар куҷое набошанд, аз онҳо худро  эҳтиёт кунанд. Ҳама вақт аз зиракии сиёсро аз даст надиҳем намонанд. Пайваста аз худ, аз Худои худ, аз миллату давлати худ андешаи нек дошта бошанд, ки ин худшиносӣ аст. Шоир Бедил ҳам насиҳате дорад, олиҷаноб:

 Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ,

 Чӣ дар саҳро, чӣ дар хилват, чӣ дар роҳ.

 Ҷавонони мо бояд хуб бидонанд, ки Худованд исломро танҳо барои саодатмандии инсон офаридааст, на барои низоъу нифоқ ва қатлу куштор, ки ин ҳаргиз мусулмонӣ нест.

 

Назирмадова Ширин, вакили Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Фархор аз ҳавзаи интихоботии №14

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg