Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи ҷалвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон, мактаби варзишӣ ва майдони варзишӣ ” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда, дар доираи Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ бо аъзо ва фаъолони ҳизб ба корҳои ободонӣ машғул шуданд, ки ин амал мақбули сокинони маҳал гардид.