ХУРОСОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «С.Шерназаров» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри қайд гардид, ки Истиқлолияти давлати барои мо тоқикон арзиши баланд дошта, ҳифзу гиромидошти ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ як қатор корҳои ободонӣ аз қабили, тозаю озода намудани гирду атрофи бино баргузор карда шуд.